dcsimg
Image of Baobab
Creatures » » Plants » » Dicotyledons » » Mallows »

African Baobab

Adansonia digitata L.

Баобаб ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages

Баоба́б, ё Адансонияи панҷамонанд (лот. Adansonia digitata) — навъи дарахт аз ҷинси Адансония оилаи Malvaceae. Дар биёбонҳои Африқои тропикӣ мерӯяд.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

Баландиаш 18–25 м; даври шоху навдааш 9–10 м (аз ин рӯ баобаб яке аз дарахтони бузургтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад); ғафсии танааш то 25 м; навдаҳои болоияш ғафс, ҳангоми хазонрез дарахти «чаппагардон»-ро мемонад. Танаи баобаб мавсими боронгарӣ обро ҷаббида, фасли сармо намиро ихроҷ менамояд. Баобаб октябр–декабр гул мекунад; гулаш тоқа, панҷбарга, калон (то 20 см), сафеди арғувонӣ, хушбӯй; шом шукуфта, субҳ пажмурда ва бадбӯй мегардад. Самари баобаб харбузашакл (то 40 см) буда, таъми турш дорад (хӯрданбоб аст). Бештар хӯроки маймунҳост. Баобабро нондарахти маймунҳо низ меноманд. Баобаб тақрибан 4–5 ҳазор сол умр мебинад.

Корбурд

 src=
Меваи баобаб бо донак

Аз навдаҳои он ресмон мебофанд, тӯри моҳидорӣ тайёр мекунанд; аз хокистараш доруҳои зидди шамолхӯрӣ, шикамдард, бемориҳои дил, зиқи нафас, дарди дандон ва ғайра омода месозанд. Аз гарди гули баобаб ширеш, аз тухмаш қаҳва тайёр мекунанд, самараи сӯхтааш дар собунпазӣ истифода мешавад. Занҳои африқоӣ бо оби решаи баобаб мӯи сарашонро ранг мекунанд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Школьник Ю. К. Растения. Полная энциклопедия растений. — М.: ЭКСМО, 2009. — С. 116—117. — 256 с. — ISBN 978-5-699-10969-2.

Сарчашма

license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia

Баобаб: Brief Summary ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages

Баоба́б, ё Адансонияи панҷамонанд (лот. Adansonia digitata) — навъи дарахт аз ҷинси Адансония оилаи Malvaceae. Дар биёбонҳои Африқои тропикӣ мерӯяд.

license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia