dcsimg

Мумгиёҳ ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages

Мумгиёҳ[1] (лот. Dionysia involucrata) — гиёҳест нимбуттаи болиштакшакл аз ҷинси Dionysia.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

Баргҳояш хурд, 4 — 7 мм дарозӣ дорад. Шакли баргҳо нештаршакл ё тухммонанд мебошад. Хӯшагулаш чатр аз 3 — 5 гул иборат аст. Гурӯҳ-гурӯҳ (якчандбехӣ) мерӯяд.

Густариш

Онро фақат аз ҳавзаи дарёи Варзоб (нишебиҳои ҷануби қаторкўҳи Ҳисор) чиндаанд. Дар шахсор (дар баландиҳои 1200—1300 м аз сатҳи баҳр) месабзад.

Парвариш

Мақоми ҳифз

Мумгиёҳ намуди нодир ва камёфт буда ба феҳристи гиёҳони «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил шуда, мувофиқи маълумоти овардаи китоб, намуди осебпазир (VU) шинохта шуда, хоси Тоҷикистони Марказӣ аст.

Дар натиҷаи мумгиёҳро чиндани сайёҳон ва дар маҳалҳои рушди он чарондани чорво камшумор гаштааст. Муҳити рушди онро қатъӣ ҳифз карда, ҳамчун гиёҳи хеле базеб ва дорои равғани эфир парваридан лозим аст. Дар маҳалле, ки ин гиёҳ бисёр аст, парваришгоҳ барпо кардан зарур мебошад[2].

Эзоҳ

  1. С. Юсуфӣ, А. Раҷабзод, С. Ҷабборова. Луғати наботот (Русӣ-Тоҷикӣ-Лотинӣ) — Д., 2018. СИЭМТ. — С. 95. —112 саҳ. — ISBN 978-99947-33-94-1.
  2. Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон : Олами наботот ва ҳайвонот / Ш. Курбонов, А. Тошев. — нашри 2-юм. — Душанбе : Дониш, 2015. — С. 467. — 535 с. — ISBN 978-9975-45-07-7.
license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia

Мумгиёҳ: Brief Summary ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages

Мумгиёҳ (лот. Dionysia involucrata) — гиёҳест нимбуттаи болиштакшакл аз ҷинси Dionysia.

license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia