dcsimg

Анкилостома ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages

Анкилостома (лот. Ancylostoma) — як гурӯҳи лӯндакирмҳо.

Тавсифот

Дарозии анкилостомаи модина 10 — 13 мм, нарина 6 — 11 мм мебошад. Анкилостомаҳо тарзи ҳаёт ва сохтори якхела дошта, таъсирашон низ ба организми одам ба ҳамдигар монанд аст. Бемориҳое, ки анкилостомаҳо ба вуҷуд меоваранд, анкилостомоз ва некатороз ном дошта, зери як номи умумӣ — анкилостомидозҳо муттаҳид гаштаанд. Анкилостома дар тамоми дунё ба мушоҳида мерасад.

Ҳаёт

Ҷойи зисти кирминаи онҳо хок аст. Кирминаҳо ҳангоми пои бараҳна гаштани одам аз ҷойҳои харошхӯрдаи пӯст ба рагҳои хун ворид мешаванд. Онҳо аввал ба пешдили рост, баъд ба шараёну мӯйрагҳои алвеолаҳои шуш интиқол меёбанд. Кирминаҳо девораи мӯйрагҳоро шикофта ба алвеола, баъдан ба воситаи роҳи нафас ба ҳалқум мегузаранд ва одам бо оби даҳон онҳоро фурӯ мебарад. Ҳамин тавр, кирминаҳо ба рӯда фаромада, дар он ҷо баъди чанд муддат болиғ мегарданд. Анкилостомаҳои болиғ ба воситаи ғизо ҳаракат карда, дар рӯдаи борик ҷой мегиранд ва пурра ташаккул меёбанд. Кирминаҳои онҳо аз организми шахс бо наҷосат ихроҷ шуда, «сайд»-и навбатиро интизор мешаванд. Ғизои анкилостома хуни одам аст. Вай дар сар дандонакҳои махсус дорад, ки ба воситаи онҳо ба девораи рӯда мечаспад ва хунро мемакад. Дар натиҷа аз ҷойи захм, ки қутри он то 2 см аст, муддати зиёд хун меравад. Анкилостома боиси сар задани камхунӣ мешавад. Ба вуҷуд омадани исҳол, дард кардани меъда, суст гаштани сабзишу инкишофи кӯдакон, хастагию беҳолӣ нишонаҳои осеби анкилостома мебошанд. Ҳамчунин дар шахс хоҳиши истеъмол кардани ҳар гуна чизҳо (масалан, гил) ба вуҷуд меояд. Барои пешгирии сирояти анкилостома дар ҷойҳои ифлос пои бараҳна гаштан лозим нест.

Эзоҳ

Сарчашма

license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia

Анкилостома: Brief Summary ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages

Анкилостома (лот. Ancylostoma) — як гурӯҳи лӯндакирмҳо.

license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia