Саълаб (лот. Órchis) — ҷинси рустании бисёрсола оилаи саълабиҳо (Orchidaceae).
Решаи лӯидаи яклухт ё панҷашакл, барги нештаршакл, гули одатан бунафш ё нофармони арғувонӣ ва ғӯза дорад.
Саълаб (қариб 80 намуд) дар Аврупо, минтақаи мӯътадили Осиё, Африқои Шимолӣ ва ғайра бисёр аст.
Дар СССР 36, аз ҷумла дар Тоҷикистон 4 намуди саълаб мерӯяд
Дар тиб лӯндаи саълаб маъмул аст. Онро барои табобати қабзияти рӯдаи кӯдакон, инчунин ҳамчун позаҳр истифода мебаранд. Дар тибби халқӣ доруи «саълаб»-ро барои табобати фалаҷ, рагкашӣ, санги ҷигар ва ғ. тавсия мекунанд.
Саълаб (лот. Órchis) — ҷинси рустании бисёрсола оилаи саълабиҳо (Orchidaceae).