dcsimg

Аспи Пржевалский ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages
Аспи Пржевалский дар боғи ҳайвонот
Аспи Пржевалский дар боғи ҳайвонот

Аспи Пржевалский (Equusprzewalskii), як навъ ҳайвони тоқсум. Онро соли 1879 муҳаққиқи рус Н. М. Пржевалский дар Осиёи Марказӣ кашф кардааст. Аспи Пржевалский ёли кӯтоҳи сих, думи пӯпакмонанд, сари калон дорад (фарқи он аз асп дар ҳамин аст). Дарозии баданаш то 2,3 метр, баландиаш 1,3 метр; модинааш хурдтар мебошад. Рангаш сурхчаи зардтоб; ранги зери шикам ва фукаш бештар аст. Аз тахтапушташ ба дарозии бадан рахи сиёҳ дорад. Аспҳо дар биёбонҳои Ҷунгар маскун шуда буданд. Айни замон саршумори аспи Пржевалский дар боғҳои ҳайвонот ва мамнӯъгоҳҳо зиёд карда мешавад. Дар Хитой ва Муғулистон он­ро аз соли 1992 барои зиндагӣ дар шароити табиӣ мутобиқ карда истодаанд. Ҳоло тақрибан 200 сар аспи Пржевалский ба даштҳо (ба истилоҳ «ба табиат») сар дода шудаанд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Ливанова Т. К., Ливанова М. А. Всё о лошаде. Москва, 2002.

Сарчашма

license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia

Аспи Пржевалский: Brief Summary ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages
Аспи Пржевалский дар боғи ҳайвонот Аспи Пржевалский дар боғи ҳайвонот