Найшакар (лот. Sáccharum) — ҷинси растаниҳои бисёрсолаи қанддорест аз оилаи хушаиҳо. Пояаш рости баланд (то 6 м). Туғаш ва шохчаҳояш банддор, хушачаҳояш бо мӯякҳои дароз ва гулҳои дуҷинса фаро гирифта шудааст.
Найшакарро аз қаламча зиёд мекунанд. Дар плантатсияҳои найшакар соле 3—5 маротиба ҳосил меғундоранд, ки ҳуҷайраҳои паренхимии пояи он то 20% (найшакари худрӯй 2—10%) қанд дорад. Аз шираи он ром тайёр мекунанд. Партонҳояшро дар сохтмон ва чун сӯзишворӣ ба кор мебаранд. Осиёи Ҷанубу Шарқиро ватани найшакар мешуморанд. Найшакарро дар Ҳиндустон 3 ҳазор сол пеш аз мелод кишт мекарданд. Дар асри 6 Найшакар дар мамлакатҳои Шарқи Наздик, баҳри Миёназамин ва Хитой парвариш мешуд. Найшакарро дар асри 15 ба ҷазҳои Азору Канар ва дертар аз Испания ба Кубаю Мексика оварданд. Ҳосилнокии маёнаи пояи найшакар 400— 500 сентнер/га (дар участкаҳои тақрибавӣ то 2000 сентнер/га) мебошад.
Дар Иттиҳоди Шӯравӣ найшакар чун зироати яксола дар водии Вахши Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон парвариш карда мешавад. Моҳҳои феврал— март найшакарро ба ҷуякҳо шинонида, моҳи октябр (450—500 то 800 сентнер/га) меғундоранд. Қандинокии пояи найшакар 8—10% аст. Найшакар барои истеҳсоли ром истифода мешавад.
Бино ба маълумоти Боғҳои ботаникии подшоҳӣ Кю 36 намудро дар бар мегирад[1]:
Найшакар (лот. Sáccharum) — ҷинси растаниҳои бисёрсолаи қанддорест аз оилаи хушаиҳо. Пояаш рости баланд (то 6 м). Туғаш ва шохчаҳояш банддор, хушачаҳояш бо мӯякҳои дароз ва гулҳои дуҷинса фаро гирифта шудааст.