Актинияҳо, ё анемонаҳои баҳрӣ (лот. Actiniaria) — навъе аз ҳайвоноти рӯдаковоки баҳрӣ. Актинияҳо танҳо, баъзан гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ мекунанд. Ҷисми актинияҳо устувонашакли халтамонанд буда, аз чанд мм то 1,5 м дароз мешавад. Дар қисми болои бадан сӯрохи даҳон мавҷуд аст, ки бо ҳассосакҳои тоҷгулмонанд фаро гирифта шудааст. Ранги актинияҳо, одатан, кушод мебошад. Дар обҳои минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ сукунат доранд. Ҷонварони даранда буда, ҳайвоноти майда ва моҳичаҳоро мехӯранд; ғизои баъзе намудҳои актинияҳо лойқа аст. Тӯъмаро ба ҳассосакҳо дошта гирифта фалаҷ месозанд ё мекушанд; «тир»-и актинияҳо барои одам дарднок аст. Баъзе актинияҳо бо харчанги танҳогард ва дигар ҳайвонҳои бемӯҳра якҷоя (дар симбиоз) зиндагӣ мекунанд.