dcsimg

Гавазн ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages

Гавазн, говазн (лот. Cervidae) — ҷонварест аз оилаи ширхӯрҳои ҷуфтсум.

Навъҳо

Дар дунё 51 намуди гавазн вуҷуд дорад. Гавазнҳо дар Авруосиё, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Африқои Шимолӣ ва Осиё дучор меоянд. Онро одамон ба Австралия ва Зеландияи Нав низ бурдаанд. Гавазн ҳайвони базебу чолок буда, шохи панҷашакли калон, пойҳои дарозу боқувват, думи кӯтоҳ ва гӯшҳои калон дорад. Бештар гавазнҳои нарина шохдор мешаванд. Гавазни обӣ шох надорад. Нарина ва модинаи гавазни шимолӣ шох дорад. Шохи гавазнҳо ҳар сол афтода, ба ҷойи он шохи нав месабзад. Ранги гавазнҳо бештар малла аст; ҷавонаҳои онҳо ғолибан холдор мешаванд. Гавазнҳо дар биёбон, дашт, бешазор, тундраи арктикӣ ва ҷангалҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд. Дар як — якунимсолагӣ болиғ мегарданд. Баъзе гавазнҳо тирамоҳ, гавазнҳои дигар зимистон ҷуфт шуда, баъди 6-9 моҳ 1-2, гоҳе 4 бача мезоянд. Ғизои гавазн алаф, бутта, барг, пӯстлох ва шоху навдаи дарахтон аст. Баъзе намуди гавазнҳо танҳо зиндагӣ мекунанд, вале бисёр намуди онҳо гурӯҳ-гурӯҳ умр ба сар мебаранд. Сарварии чунин гурӯҳҳо ба уҳдаи як гавазни нарина аст. Дар давраи гушн байни гавазнҳои нарина барои интихоби ҷуфти худ задухӯрди шадид ба вуқӯъ мепайвандад. Дар минтақаҳои гармсер гавазнҳо тамоми сол ҷуфт мешаванд, дар минтақаҳои иқлимашон муътадил давраи ҷуфтшавии онҳо тирамоҳ ё зимистон фаро мерасад.

Гавазнҳо дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон як намуди гавазн — холгул (хонгул) дучор меояд. Онро дар мамнуъгоҳҳо нигоҳубин ва парвариш мекунанд. Хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ ба муҳофизат ва афзоиши саршумори гавазнҳо эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Шикори гавазн қатъан мамнӯъ аст.

Эзоҳ

Сарчашма

license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia

Гавазн: Brief Summary ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages

Гавазн, говазн (лот. Cervidae) — ҷонварест аз оилаи ширхӯрҳои ҷуфтсум.

license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia